Home ХабарҳоСаҳми мақомоти адлия дар раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ дар замони истиқлолият
Саҳми мақомоти адлия дар раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ дар замони истиқлолият

Саҳми мақомоти адлия дар раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ дар замони истиқлолият

Бо амри таърих миллати сарбаланду тамаддунофар ва фарҳангсолору бунёдкори тоҷик дар интиҳои садсолаи гузашта рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 арзишмандтарин дастовард, бузургтарин неъмат ва беназиртарин сарват – Истиқлолияти давлатиро ба даст овард, ки ин санаи муқаддас дар таърихи навини рушди давлатдории миллӣ абадан бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Истиқлолият ҳамчун воқеаи фараҳбахши таърихӣ ва ҳодисаи муҳимму сарнавиштсоз ба тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро ҳадя намуда, боис гардид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон бо тамоми унсурҳои давлатдории миллӣ арзи ҳастӣ намояд ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ расман шинохта шавад.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорем, ки дар дарозои 31 соли сипаришуда Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд роҳи пуршебу фароз ва басо пурифтихореро тай намуда, сокинони сарбаланду меҳнатқарин, ватандӯсту ободкори кишвар бо дастгирӣ ва пуштибонии амиқ аз сиёсати ҳадафмандонаву бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ва истеҳсолӣ ноил гаштаанд. Бояд иқрор шуд, ки тамоми дастовардҳои Ватани маҳбубамон дар масири 31-соли Истиқлоли давлатӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти давлативу ҷамъиятӣ бевосита ба хизматҳои арзандаву беназир ва кушишу талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат иртибот доранд.

Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба баъзе миллату халқиятҳои хурду бузург муяссар нагардидааст, ки давлати соҳибистиқлоли хешро дошта бошанд. Халқи тоҷик бошад дар асоси принсипи миллият тавонист, ки баъди садсолаҳо  аз нав давлати соҳибистиқлоли худро бо номи Тоҷикистон бунёд намояд.

Асоси ҳуқуқии ташкили давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро Эъломия Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ташкил медиҳад. Дар санади мазкур мақсади асосии Тоҷикистон баён шудааст, ки он бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шањрвандӣ мебошад. Чунон чи ин нуқтаҳо дар моддаи 1-уми Конститусияи Ҷумҳурии Соҳибистиқлоли Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст. Ҳамзамон мо халқи Тоҷикистон   қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, қонуни асосии кишварро қабул ва эълон намудем, ки ин аслан хоси давлати соҳибистиқлол мебошад.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ин танзими ҳуқуқии ҳаёти ҷамъиятӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ, қонунгузорӣ ва қабули қонунҳои алоҳида ба масъалаҳои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бештар нигаронида шуда буданд (ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи авф» ва ғайра). Чунин ҳолат замина ва сабабҳои муайяни таърихӣ дошт, ки яке аз онҳо но­оромӣ дар кишвар буд. Айни замон қонунҳо бештар ба самти таъмини фазои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ғайра нигаронида шудаанд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6-уми ноябри соли 1994, ҳамчун арзишмандтарин ва бузургтарин дастоварди Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи тозаи рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт. Он нахустин Конститутсияи кишвар дар даврони соҳибихтиёрӣ аст, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон қабул шудааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ шаҳрвандон тавонистанд, ки се маротиба бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид созанд ва чандин маротиба дар интихоботи Президенти мамлакат ва вакилон иштирок карда, Роҳбари давлат ва вакилонро дар асоси принсипҳои интихоботии умумӣ, баробар, мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб намоянд. Яъне, Истиқлолияти давлатӣ боис гардид, ки дар тафаккури мардум фарҳанги ҳуқуқи ташаккул ёбад, ки дар ин росто саҳми Вазорати адлия Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ назарас аст.

Дар даврони соҳибихтиёрӣ истилоҳи қонуни миллӣ ба вуҷуд омад, ки ифодагари анъана ва табиати миллӣ аст. Аз ҷумла, дар ин давра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардиданд, ки сирф хусусияти миллӣ доранд ва мансуб ба миллати тоҷиканд. Имрӯз таҷрибаи қонунофарии миллати тоҷикро дар ин самт дигар давлатҳои дунё истифода бурда истодаанд.

Яке аз дастовардҳои муҳими дигар, ки барои рушди қонунгузорӣ заминаи боэътимод гузошт, банақшагирии рушди қонунгузорӣ аст, ки дар асоси консепсия, стратегия ва барномаҳо ба роҳ монда мешавад. То кунун даҳҳо санад қабул шудааст, ки аз миёни онҳо «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028»-ро махсус қайд намудан зарур аст. Санади мазкур бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми феврали соли 2018 таҳти №1005 қабул гардид, ки дар таҳтияи он Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми хеле зиёд дорад.

Даврони истиқлолиятро марҳилаи рушд ва инкишофи андешаи ҳуқуқии инсон низ номидан мумкин аст. Маҳз дар ҳамин давра ба таври расмӣ дар сатҳи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид. Теъдоди зиёди санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Яъне, мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ дастоварди замони истиқлолият аст. Дар ин раванд мавқеи асосиро санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ишғол мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсонро тасдиқ намудааст. Ҳангоми тасдиқи санадҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ҳувияти миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардум ба эътибор гирифта мешаванд.

Истиқлолияти давлатӣ барои рушди низоми қонунгузорӣ низ мусоидат намуд. Дар ин муддат анқариб 400 қонуни мукаммал қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки танзимкунандаи ҳайёти иқтисодӣ, ичтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар интињо бо қаноатмандӣ метавон изҳор дошт, ки дар муддати  31 соли соњибистиќлолї Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд роҳи бунёдкориву созандагиро тай намуда, халќи он дар пайрави аз сиёсати ҳадафмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги мухталиф ноил гаштаанд.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷамъиятию сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири паёмадҳои ногувори раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулотҳои босуръат тағйирёбандаи замони муосир беш аз ҳар вақти дигар атрофи сиёсати бобарори Пешвои муаззами миллат муттаҳид гашта, ҷиҳати таҷлили сазовори бузургтарин ҷашнвораи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боз ҳам ободу пешрафта гардонидани он самаранок меҳнат кунем ва ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ рӯй биёрем.

31 соли соҳибистиқлолию соҳибдавлатӣ муборак ҳамкасбони азиз!

Шарҳ диҳед

Email-и шумо чоп намешавад. Катакчаҳои лозимӣ ишора шудааст бо *