Home СохторКафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ

Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ

Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2004 таъсис ёфта, ба фаъолият шурўъ намудааст. Дар кафедра 9 нафар устод фаъолият менамоянд. Аз ҷумла: Мудири кафедра, як профессор, як устоди калон, 6 нафар устод.

Устодони кафедраи ҷиноятӣ дорои донишҳои хуби ҳуқуқӣ ва маҳорати касбӣ буда, дар курсҳои такмили ихтисоси Донишкада ва семинарҳои сайёр фаъолона машғулият мегузаронанд. Вобаста ба масоили ташвиқоти ҳуқуқӣ устодони кафедраи ҷиноятӣ роҷеъ ба мавзуҳои такмил ва рушди қонунгузории соҳавӣ дар барномаҳои радио ва телевизион баромад менамоянд.

Инчунин устодони кафедра дар самти фаъолияти илмӣ хело фаъол буда, дар семинар-машваратҳо, мизҳои мудаввар ва конференсияҳо фаъолона иштирок намуда, дар мавзуҳои гуногун бо маърўза баромад намуда, дар мавзуҳои соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ бо тадҷиротҳои илмӣ машғул шуда, дар маҷаллаҳои илмию публистӣ мақолаҳои хешро чоп мекунанд.

МАЪЛУМОТНОМА

  • Назаров Акмал Шодмонович;
  • Аз 01 июни соли 2016  дар вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ  кор мекунад;
  •  Соли таваллуд: 26 майи соли 1988
  • Љои таваллуд: н. Файзобод, ҷ/м  мискинобод, деҳаи фақиробод;
  • Миллат:     тоҷик;
  • Тањсилот: Олӣ;
  • Соли 2011- Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст;
  • Ихтисос:   ҳуқуқшинос;
  • Унвони илмӣ: унвонҷўй;
  • Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англиси таввасути луғат;
  • Вакили Маљлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не;
  • Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не;
  • Вазъи оилавӣ: оиладор соҳиби 2 фарзанд;
  • Суроға: ш. Душанбе, ноҳияи И. Сомонӣ, кучаи Л. Толстой 60 х-2;
  • Дараҷаи таххасусӣ:  надорад;
  • Собиқаи корӣ:  аз соли 2012 -8сол;
  • Дар мақомоти адлия: 5 сол;

Кор ва фаъолияти собиқа:

1 Солҳои 2012-2013 Котиби маҷлиси судии суди н. И. Сомонӣ;
2 Солҳои 2013-2015 Ҳуқуқшиноси ҶСП «Проммантаж»;
3 Солҳои 2015-2016 Устоди калони кафедраи ҳуқуқи гражданӣ;
4 Аз июни соли 2016 инҷониб Мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ДТИ ВА ҶТ.