Home Сохтор
Сохтор

Сохтор

Собирзода Исфандиёр Салом – Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия

Аз сентябри соли 2015 дар вазифаи Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти Ҳифзи Ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли таваллуд: 20 марти соли 1985

Ҷои таваллуд: ноҳияи Файзобод

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Соли 2008 Донишгоҳи Миллии Тоҳикистонро хатм кардааст.

Ихтисос: ҳуқуқшинос

Унвонҷуи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ.

Муаллифи зиёда аз 10 адад мақолаҳои илмӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи гражданӣ (шаҳрвандӣ), ҳукукӣ байналхалқии хусусӣ ва ҳуқуқи оилавӣ буда, асарҳояш бо номҳои «Идоракунии давлатӣ» (маводи таълимӣ), «Панҷ соли амалишавии «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқиқи шаҳрвандони ҶТ барои солҳои 2009 – 2019», «Санадҳои меъёрӣ-­ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ» (маводи таълимӣ), «Худидоракунии маҳаллӣ» (маводи таълимӣ) ба нашр расидаанд.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2008 — 2009 ассистент ва устоди калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи ҶТ;

Солҳои 2009 – 2010 и.в. мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи ҶТ;

Солҳои 2010 — 2015 мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи ҶТ;

Аз сентябри соли 2015 ин ҷониб Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи ҶТ.

Бо Фармоиши Вазири адлияи ҶТ аз 08.10.2014, №106, бо медали Ҷашниии «90 – СОЛАГИИ АДЛИЯИ ТОҶИКИСТОН» ва бо Фармоиши Вазири маориф ва илми ҶТ аз 22.08.2016, №2748, бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида  шуда аст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.