Home ХабарҳоКонференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 25-солагии рўзи «Ваҳдати миллӣ»
Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 25-солагии рўзи «Ваҳдати миллӣ»

Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 25-солагии рўзи «Ваҳдати миллӣ»

ДУШАНБЕ, 23.06.2022  —  Имрӯз дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Муассисаи Давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисос, намояндагон аз  Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҳикистон,
Донишгоҳи фарҳанги Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 25-солагии рўзи «Ваҳдати миллӣ», дар мавзўи «Эмомалӣ Раҳмон-асосгузори сулҳи тоҷикон» баргузор гардид.

Дар оғоз Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Собирзода Исфандиёр Салом Конференсияи мазкурро ибтитоҳ намуда, чунин суханрони карданд.

Раванди расидан ба сулҳи деринтизори тоҷикон низ маҳз аз ҳамин минбари Иҷлосияи Шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Барои расидан ба сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳми Пешвои миллат беандоза бузург мебошад ва беҳуда мардум Эмомалӣ Раҳмонро меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон намегӯянд. Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии нахустини худ ҳангоми ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон 19-уми ноябри соли 1992 чунин иброз намуда буданд: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем то ки вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам ояд дар ин роҳ талош хоҳам кард.”

Дар идомаи Конференсия иштирокчиён бо маърузаҳо суханрони карданд:

 Ашӯров Ардамеҳр Муродқулович-ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупо ва Амрикои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон-меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон”

Абдураҳмонова Малика-муовини сардори раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи “Заминаҳои ҳуқуқии ваҳдати миллӣ”

Мамадазимова Майрам-мудири кафедраи бойгонишиносии Донишгоҳи фарҳанги Тоҷикистон, дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон-ташаббускори корвонҳои сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи ваҳдат”

Ҳамрозода Ҳабибулло-нозири пешбари Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзўи «Ваҳдат асоси ташаккул ва пойдории оила»

Боирзода Ҷамшед Ҷумъабой-дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, бо маърўза дар мавзўи «Нақши милитсияи тоҷик дар такмили таъмини ҳукумати конститутсионӣ»

Муҳаббатова Гулнора Ҳомидовна-дотсенти кафедраи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавзӯи “Аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон”

Фарҳодова Сарвбону Алидодовна-сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маърӯза дар мавзӯи “Ваҳдат – пояи ҳастии миллат”

Бобоев Фаридун Сайфидинович-мудири бахши ташкили ёрии ҳуқуқии якумдараҷаи Муассисаи давлатии ”Маркази ёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,дар мавзўи “Ваҳдати миллӣ-ҷавҳари пойдевории миллат”

Пирова Гулафзо Сайфидиновна-устоди кафедраи илмҳои гуманитарии Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзўи «Ваҳдат-пойдевори ҳастии миллат»

Шарҳ диҳед

Email-и шумо чоп намешавад. Катакчаҳои лозимӣ ишора шудааст бо *