Главная Без рубрикиБАХШИДА БА РӮЗИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ

БАХШИДА БА РӮЗИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ

Таъмини риояи меъёрҳои муқарраргардида вазифаи муҳимест, ки назорати доимӣ ва масъулияти беандозаро талаб мекунад. Дар низоми давлатдорӣ мақомоте, ки таъмини сиёсати ҳуқуқии давлатро амалӣ мегардонад, мақомоти адлия номида мешавад. Мақомоти адлияи тоҷик ҳам дар ин давраи таърихӣ роҳи дуру дарозеро тай намуда, барои барқарор намудани адолат, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонида,дар баробари он мавқеъ ва нақши худро дар низоми идоракунии давлатӣ муайян намудааст.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон доираи фаъолият ва салоҳияти Вазорати адлияи кишвар хеле такмил ёфта, он ба яке аз мақомоти давлатии калидӣ дар таҳкими ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини сиёсати ҳуқуқии давлат табдил ёфтааст. Маҳз соҳибистиклоли саҳифаҳои навро дар фаъолияти низоми адлияи Тоҷикистон боз намуд.
Мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, дар ҳимояи қонуният ва адолат қарор дошта, дар ин муддати таърихӣ роҳу пайраҳаи пурпечутоби ҳаёти сиёсии Тоҷикистонро тай намуда, барои устувор гардидани пояҳои ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, ташаккул ёфтани низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ, ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқ шудани он саъю кӯшиши зиёдеро ба харҷ додаст, ки ин анъанаи корӣ то ба имрӯз давом ёфта истодааст ва давом хоҳад ёфт…
Бо истифода аз фурсат тамоми кормандони соҳаро ба Рӯзи Мақомоти адлияи таҳният гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ таманно дорам! Иди касбиатон муборак!
Бо эҳтиром; Собирзода Исфандиёр Салом — ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи ҶТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *