Home Без рубрикиСеминари омӯзиши дар мавзӯи амалисозии стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Семинари омӯзиши дар мавзӯи амалисозии стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзиши дар мавзӯи амалисозии стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзиши дар мавзӯи амалисозии стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 (марҳилаи якум солҳои 2022-2025) ва  пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ

Рӯзи 25 январи соли 2022 дар бинои Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо роҳбарон ва кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”, кормандони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ва бо устодону кормандони Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ ҷонишини ректори донишкада, номзади илмҳои ҳуқуқ Абдухолиқзода Акмал Маҳмадӣ, сардори Шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Розиқзода Ҳасан ва сармутахассиси  ҳамин шуъбаи Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе Давлатзод Собир иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ доир ба масъалаҳои иҷроиши бандҳои дахлдори Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 (марҳилаи якум солҳои 2022-2025), ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ карда шудааст ва пешгирӣ намудани амалҳои номатлуби коррупсионӣ суханронӣ шуда, андешаҳои ҷолиб иброз гашт.

Қайд карда шуд, ки коррупсия яке аз равандҳои номатлуби ҷамъиятиест, ки монеаи рушди иқтисодии кишвар ва дигар соҳаҳои он шуда метавонад.  Ҳамчунин дар семинар оид ба мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия, ки аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазир ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад, суханронӣ шуд.

Дар ҷамъбаст ҷонишини ректори донишкада, номзади илмҳои ҳуқуқ Абдухолиқзода А.М. бори дигар меҳмононро хушомадед гуфта, дар самти рушди ҳамкориҳо изҳори сипос ва миннатдории хешро баён намуданд.

Шарҳ диҳед

Email-и шумо чоп намешавад. Катакчаҳои лозимӣ ишора шудааст бо *