Home ХабарҳоБаргузории мизи мудаввар ба муносибати рузӣ Президент
Баргузории мизи мудаввар ба муносибати рузӣ Президент

Баргузории мизи мудаввар ба муносибати рузӣ Президент

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани рӯзи Президент дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия санаи 16 ноябри соли 2020 мизи мудаввар дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон асосгӯзори давлати навини тоҷикон» дар ҳамбастагӣ бо кормандони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» — и назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргӯзор гардид.

Собирзода И.С. — ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи ҶТ

Президент ва мақоми қонунии он

Расо 26 сол қабл, 6 ноябри соли 1994, дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз Конститутсияи Тоҷикистон соҳибихтиёр, ки аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолияти кишвар маҳсуб меёбад, қабул гардид.

Конститутсия шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистонро президентӣ эътироф намуда, дар боби алоҳида вазъи ҳуқуқии Президентро ба танзим даровард. Дар ҳамон рӯз интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ доир гашта, Эмомалӣ Раҳмон нахустин Президенти Ҷумҳурии соҳибихтиёри Тоҷикистон интихоб гардид. Интихобот дар замоне барпо гашт, ки дар мамлакат ҳанӯз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга мезад ва мардум дар пушти сангарҳо қарор доштанд. Нахустин вазифаи Президент таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа буд. Новобаста аз мушкилоти ҷойдошта кӯшишҳои пайвастаи Роҳбари ҷавони кишвар самара доданд ва барои рушди Тоҷикистон замина фароҳам омад.

Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора чунин гуфтаанд: “Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад”.

Дар Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) эълон гардид. Ин мақоми баланд, пеш аз ҳама, аз он сарчашма гирифт, ки салоҳиятҳоро ба Президент халқ тавассути иштироки бевосита дар интихобот дод. Аз ин рӯ, Президент мансаби олӣ дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Аз рӯи мақом Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, кафили ҳуқуқӯ озодиҳои инсон ва шаҳрванд, истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ,пойдориву бардавомии давлат, фаъолияти мураттаби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Таҳлили ҳар як салоҳияти зикршуда вақти зиёдро талаб мекунад. Вале нигоҳи оддӣ нишон медиҳад. Дар симои як фард фақат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи халқи Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро дорад, ӯ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад ва монанди онҳо.

Салоҳиятҳо ҳатто дар савганди Президент, ки дар моддаи 67 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, такрор меёбанд: “Ман ҳамчун Президент савган ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мкунам, ба халқ содиқона хизмат мекунам”.

Илова бар ин, Президент як қатор салоҳиятҳоеро доро мебошад, ки онҳоро танҳо Сарвари давлат метавонад дошта бошад ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ наметавонанд доир ба онҳо қароре қабул намоянд. Онҳо ҳуқуқи ба шаҳрвандӣ қабул намудан ва аз шаҳрвандӣ маҳрум намудан, паноҳгоҳи сиёсӣ додан, бо мукофотҳои давлатӣ сазовор гардонидан ва бахшиши гуноҳ мебошанд. Ҳуқуқи пешниҳоди қонун дар бораи афв низ танҳо ба Президент таалуқ дорад.

Салоҳиятҳое, ки Конститутсия ба Президент додааст, имконият медиҳад, ки ӯ дар раванди ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар таъсири ҷиддӣ расонад. Аз ин рӯ, дар ҳама давру замон Президент кафили боэътимоди пойдории сохти конститутсионӣ ба шумор меравад. Мардум дар симои Президент пешво, нигоҳбон ва шахси таъминкунандаи ҳуқуқу озодиҳоро мебинанд.

Аз рӯи табиат ҳуқуқӣ мақоми Президент нисбат ба дигар мақомот як қатор бартариятҳо дорад.

Аввал. Президент ягона мақомоест, ки мардуми кишвар ӯро бевосита интихоб мекунанд, яъне салоҳиятҳоро ба ӯ халқ медиҳад.

Дуюм. Танҳо Президент фаъолияти муназзами шохаҳои ҳокимиятро таъмин менамояд. Президент интихоботи Маҷлиси Олиро таъин мекунад, лоиҳаи қонунҳоро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳо ва ба қонунҳо имзо мегузорад. Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро таъин ва озод намуда, (фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд), номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мекунад, судяҳоро таъин ва озод менамояд ва ғайра.

Сеюм. Фаъолияти Президент аз дигар шохаҳои ҳокимият вобастагӣ надорад. Яъне, мансаби Президент мансаби олӣ дар давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки хусусияти ислоҳотҳо дар давлат ба шахсияти Президент вобаста карда мешавад.

Конститутсия ва қонунҳо талаботи ҳуқуқиро нисбат ба Президент муқаррар намудаанд. Яъне, синни аз 30 боло, доштани маълумоти олӣ, забони давлатиро донистан ва на камтар аз 10 соли охир дар ҷумҳурӣ зиндагӣ кардан шартҳои пешниҳод намудани номзадии шахс ба мақоми Президент нишон дода шудаанд. Вале барои Президенти муваффақ ва ҳақиқат мардумӣ шудан боз сифатҳои дигари шахсӣ заруранд, ки онҳоро ҳеҷ қонуне наметавонад танзим намояд. Яке аз он сифатҳо ҷасорати шахсӣ аст, ки Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали ба мақоми Сарвари Тоҷикистон интихоб шудан нишон додаанд. “Баҳри истиқрори сулҳ ва бозгашти ҳама гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам”-ро Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳанӯз дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд. Дар солҳои минбаъда низ борҳо исбот кард, ки қавлу амали ӯ якест. Ин омилҳо дар интихоботҳои Президентии минбаъда нақши калон бозиданд.

Сифати дигари шахсӣ қобилияти бахшида тавонистан мебошад. Борҳо шоҳид гаштаем, ки Президенти мамлакат ба хотири сулҳу ваҳдати миллӣ гузаштҳо карданд. Гуноҳи онҳоеро, ки душмани сохти конститутсионӣ буданд бахшиданд. Барои афви гуноҳи шахсоне, ки ҷиноят содир намуда, зиндонӣ шуданд, чанд қонуни афвро ба имзо расониданд.

Месазад махсус қайд намоем, ки соли ба ифтихори ҷашни 25-солагии Конститутсияи Тоҷикистон бо ибтикории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” қабул гардид. Тибқи Қонуни мазкур беш аз 20 ҳазор шахсе, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо адои ҷазо менамоянд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод шуданд.

Ин ва дигар сифатҳои шахсӣ боис гардидаанд, ки мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат эътироф намуданд ва сӯи бунёди ҷомеаи адолатпарвар равонанд.

Шарҳ диҳед

Email-и шумо чоп намешавад. Катакчаҳои лозимӣ ишора шудааст бо *