Home ХабарҳоТренингҳои омўзишӣ барои кормандони САҲШ
Тренингҳои омўзишӣ барои кормандони САҲШ

Тренингҳои омўзишӣ барои кормандони САҲШ

Дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти Ҳифзи Ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳҳои май то ноябри соли 2018 тренингҳои омўзишӣ барои кормандони САҲШ (Сабти асноди Ҳолати шаҳрвандӣ) аз рўи мавзўи «Методологияи гузаронидани тренингҳо барои кормандони низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи системаи иттилоотии CRO IS2» гузаронида шуд. Дар тренинг зермавзўъҳои зерин мавриди омўзиш қарор дода шуданд: шиносоӣ ва раванди кор дар компютер; шиносоӣ ва раванди кор бо низоми САҲШ аз рўи системаи иттилоотии CRO IS2; сифати маълумот аз рўи системаи иттилоотии CRO IS2; баробарии гендерӣ.

Мақсади гузаронидани силсила тренингҳо барои 302 нафар кормандони САҲШ аз рўи системаи иттилоотии CRO IS2 баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбӣ оид ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва аз ҳолати ҷой дошта гузаштан ба системаи иттилоотии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мувофиқи мақсади гузошта шуда, ҳадафҳои зерин ба анҷом расонида шуданд:

  • Коркарди маводҳои таълимӣ аз рўи системаи иттилоотии CRO IS2 дар ҳамшарикии зич бо Лоиҳаи БРСММ ва шарики техникӣ EPOS Health Management GmbH.
  • Коркардӣ саволномаҳои то ва баъд аз тренинг аз рўи системаи иттилоотии CRO IS2 дар Ҳамшарикии зич бо Лоиҳаи БРСММ ва шарики техникӣ EPOS Health Management GmbH.
  • Баргузор намудани тренингҳои 6 рӯза тули 20 ҳафта барои 20 гурҳӣ бо ҷалби 15 (16) нафар.
  • Гузаронидани саволномаҳои то ва баъд аз тренинг дар ҳар тренингҳо.
  • Ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иқтибоси иштирокчиёни тренингҳо дар вақти баргузорӣ ва ҷамъбасти он (алоқаи мутақобила).
  • Коркард ва презентатсияи ҷамъбасти ҳисобот оид ба кор бо таҷлили саволномаҳо, иқтибосҳо ва нишондиҳандаҳо (индикаторҳо).

Шарҳ диҳед

Email-и шумо чоп намешавад. Катакчаҳои лозимӣ ишора шудааст бо *